- фурӯ
- [فرو]1. зер поён2. пеш аз калимаҳо ба вазифаи пешоянд омада, ба онҳо маъниҳои нав медиҳад; фурӯ афкандан ба поён андохтан; фурӯ нишондан а) маҷ. паст кардан, мас. оташро; б) маҷ. паст кардан, таскин додан, хомӯш кардан (хашм, шӯриш, балворо); фурӯ омадан; фурӯ рафтан; в) дохил, дарун; фурӯ бурдан, фурӯ кашидан; фурӯ фиристодан (мехро); фурӯ афтодан (ғалтидан) сарозер афтодан, аз боло ба поин ғалтидан; фурӯ бурдан (додан) маҷ. чизеро балъидан; фурӯ гирифтан печонда гирифтан, иҳота кардан, муҳосира кардан; фурӯ додан а) маҷ. фурӯ бурдан, балъидан; б) ба поён афкандан; фурӯ кашидан ба дарун кашидан, фурӯ бурдан; фурӯ мондан маҷ. ҳайрон шудан, моту мабҳут шудан, чи кардани худро надониста ноилоҷ мондан; фурӯ нишастан маҷ. таскин ёфтан, паст шудан; ором гардидан; хомӯш шудан(и оташ); фурӯ омадан а) поин шудан, ба зер омадан, нузул кардан; б) маҷ. таваққуф намудан; в) фурӯ рафтан, ғуруб кардан; фурӯ рафтан маҷ. ба даруни чизе даромадан; ғӯтидан, ғарқ шудан, тамоман дода шудан (ба хоб, ба хаёл); фурӯ рехтан маҷ. аз боло ба рӯи чизе рехтан, рехта болои чизеро пахш кардан; лаб фурӯ бастан хомӯш мондан, гап назадан, сукут кардан; сар фурӯ овардан, таъзим кардан; маҷ. итоат кардан, таслим шудан, сар хам кардан фурӯ нишастан (рафтан)-и офтоб, ғуруби офтоб, фаромадани офтоб
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.